Имрӯз раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар ҳайати фармондеҳии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, роҳбарони воҳидҳои сохтори Дастгоҳи иҷроияи Президент ва дигар мақомоти давлатӣ тағйироти кадрӣ ба амал овард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, бо фармонҳои раисҷумҳур Ҳикматулло Пиракзода аз вазифаи муовини якуми фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадӣ – сардори Сарситоди Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ озод ва Насимҷон Раҷабзода ба ин вазифа таъин гардид.

Бо қарорҳои Ҳукумати ҶТ Ҳикматулло Пиракзода сардори Донишкадаи олии сарҳадии сарҳадии КДАМ ҶТ таъин гардида, Бадриддин Мирзозода бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз ин вазифа озод карда шуд.

Нуриддин Нурализода директори муассисаи давлатии қароргоҳи «Искандаркӯл»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ ва Авазхон Зайнудин сардори Маркази технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионии Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ ва таъин шуданд.

Малоҳат Холиқзода бо сабаби ба нафақа баромаданаш аз вазифаи муовини директори Агентии омори назди Президенти ҶТ озод карда шуд. Ба ин вазифа Нодир Мирзоён таъин гардид. 

1/5

Зимни суҳбат сарвари давлат аз вазъи душвори сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии минтақа ва ҷаҳон ёдовар шуда, таъкид кардаст, ки дар чунин шароити барои тамоми кишварҳои дунё ҳассосу печида ва пешгӯинашаванда ҳар як хизматчии давлатӣ ва низомӣ бояд бо ҳисси баланди миллию ватанпарастӣ хизмат кунад.

“Барои пешгирии қонуншиканӣ дар сарҳади давлатӣ, пурзӯр кардани назорат ва роҳ надодан ба қочоқи маводи мухаддир, силоҳ ва молу маҳсулоти пастсифат тамоми шароити зарурӣ муҳайё буда, танҳо масъулият ва ҳушёрии ҳар як сарҳадбон метавонад кишвари моро аз хавфу хатарҳои ҷаҳони имрӯза, аз ҷумла терроризму экстремизм ва ҷиноятҳои фаромиллӣ эмин нигоҳ дорад”, - таъкид кардааст раисҷумҳур.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.